«Рустам ва Сӯҳроб» дар Театри ҷавонон
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз соати 18.00 Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов мавсими нави театриро бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб», аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ оғоз менамояд. Дар ин бора Зиёбой Тошев, муовини директори Театри мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. З. Тошев гуфт, ки намоишнома ба 21 солагии Истиқлолияти кишвар бахшида шудааст. Коргардони таҳиягар – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов буда, дар он ҳунармандон Қурбони Собир, Абдумӯъмин Шарифӣ, Қамариддин Мирзоев, Сӯҳроб Ҷанҷолов, Бунёд Комилов, Моҳпайкар Ёрова, Заррина Бадалова ва дигарон нақш мебозанд. «Рустам ва Сӯҳроб» то 10 сентябри соли ҷорӣ ба тамошобинон пешкаш мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






