«Рустам ва Сӯҳроб» Украинаро тасхир мекунад

Сентябрь 11, 2012 09:06

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Ялтаи Украина V-умин Фестивали байналмилалии «Театр. Чехов. Ялта» бо ҷалби беҳтарин намоишномаҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон оғоз меёбад. Дар фестивал ҳайати театрҳои Австралия, Бразилия, Миср, Исроил, Эрон, Испания, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Уругвай, Фаронса ва Чехия ширкат меварзанд.Дар ин ҷашнвораи бошукӯҳи фарҳангӣ Тоҷикистонро ҳайати ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» муаррифӣ менамояд. Намоишнома аз рӯи асари Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шуда, коргардони он Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов мебошад.Дар фестивал тибқи барнома вохӯрӣ ва мубоҳисаи эҷодӣ бо ҳунармандону коргардонҳои машҳур, мунаққидони театр, муаллифон ва баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст.Фестивал то 17 сентябри соли ҷорӣ идома меёбад.

Сентябрь 11, 2012 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд