Сӯхтор дар амбори «Тоҷикматлубот»
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 22 сентябри соли ҷорӣ соати 22:00-дақиқа дар амбори Ҷамъияти «Тоҷикматлубот» воқеъ дар кӯчаи Шар-Шари ноҳияи Вахш, дар коргоҳи пахтатозакунӣ сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи сӯхтор оташ ба 580 метри мураббаъ паҳн шуда, 100 кило пахтаи тозакардашуда сӯхт ва як нафар корманди коргоҳ — Раҳматулло Валиеви 23-сола бо ҷароҳати сӯхтагии дараҷаи 3-юм (40%) гирифта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудааст.Аз Вазорати корҳои дохилаи кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зарари расонидашуда 12 000 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор кафидани чароғаки тафсони барқӣ дар дохили коргоҳи пахтатозакунӣ буда, гунаҳгори сӯхтор худи иҷоракор Сабзалӣ Табаров аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






