«Саҳбо»-ю «Кўҳдоман» сероб мешаванд
Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сокинони маҳаллаҳои «Саҳбо» ва «Кўҳдоман»-и Душанбе зимни мулоқоташон бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова доир ба беҳдошти таъмини об, нерўи барқ, таъмири роҳу симчўбҳо дар маҳаллаҳои мазкур масъалагузорӣ карда, бобати рафъи мушкилоташон дар ин бахшҳо саволу пешниҳодҳо ироа сохтанд. Марҳабо Ҷабборова зикр кард, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ: ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷаҳду талош менамояд. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон дар кўтоҳтарин муддат ба ин се ҳадафи стратегии худ мерасад. Дар сурати ноил гаштан ба ин ҳадафҳо сатҳи зиндагии аҳолии кишвар низ баланд мегардад. М. Ҷабборова ҳамзамон доир ба санадҳои қабулнамудаи палатаи поёнии парлумони кишвар, хусусан Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот дод. Мавсуф гуфт, ки қабул ва татбиқи қонунҳои мазкур барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, таҳкими ҳисси масъулиятшиносии волидайн ва беҳбуди вазъи иҷтимоии мардум мусоидат менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






