Сабабҳои сўхтор дар “Корвон” ҳанўз мушаххас нашудаанд
Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Фаъолияти ситоди таҳқиқу баррасӣ ва бартарафсозии оқибатҳои сӯхторе, ки шоми 5 сентябр дар бозори яклухтфурӯшии “Корвон» ба вуқўъ омад, дар ҷаласаи ситоди мазкур 20 сентябр таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷамъбаст гардид. Раиси шаҳр ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорони зарардида ва иҷрои чораҳои таъиншуда аз ҷониби маъмурияти бозори “Корвон», роҳандозии дастгириҳои иҷтимоӣ аз ҷониби бонкҳои қарздода ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар мўҳлатҳои муқаррарӣ ба анҷом расонидани ташхиси сабаб ва оқибатҳои сўхтор, таваҷҷўҳи масъулини ниҳодҳои марбутаро ба иҷрои босифату беғаразонаи вазифаҳои таъинотии хизматӣ нигаронид. Ба гуфтаи котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба АМИТ “Ховар, раиси шаҳр ба масъулин дастур дод, то дар мўҳлати муқарраргардида вобаста ба самти фаъолияти хизматӣ тадбирҳои мушаххаси фаврӣ андешанд. Бояд тазаккур дод, ки бар асари сўхторе, ки шоми 5 сентябри соли равон дар қисмати яклухтфурўшии бозори “Корвон” рух дод, ба 2 ҳазор соҳибкор хисорот расид. Бо супориши раиси шаҳри Душанбе бо мақсади таҳқиқи сабабҳои сар задани сўхтор ва муайян намудани ҳаҷми хисороти он Комиссияи босалоҳият созмон дода шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти қудратии кишвар, Бонки миллӣ ва намояндагони соҳибкороне, ки дар сўхтор зарар дидаанд, шомиланд.13.46.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






