Сафари кории С.Девонаев ба Бошқирдистон
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Борис Гузаиров мулоқот намуд. Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масоили вазъи муҳоҷират дар ҷумҳурӣ ва қонунӣ гардонидани фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Бошқирдистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Мусоҳибон ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, такмили касбу ихтисоси онҳо ва омӯзиши забони русӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд. Сафиалло Девонаев зикр намуд, ки ба манзури рушду густариш бахшидани фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» таъсис ва дар Федератсияи Русия намояндагии он ифтитоҳ ёфтааст. Борис Гузаиров дар навбати худ фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Бошқирдистонро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, гуфт ки, то 1 сентябри соли 2012 мақомоти Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон 6 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қайд гирифтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






