Сафири Тоҷикистон ба Президенти Латвия эътимоднома супорид
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 20 сентябри соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия Қозидавлат Қоимдодов ба Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш эътимоднома супорид. Баъди маросими супоридани эътимоднома ҷонибҳо доир ба вазъи имрӯза ва вазифаҳои минбаъда ҷиҳати густариши муносиботи дуҷониба, инчунин мавқеи Тоҷикистону Латвия оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ табодули назар намуданд. Ҷонибҳо дар бораи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ сухан ронда, густариши муносибатҳоро дар соҳаи саноати кимиё, истеҳсолоти нассоҷӣ, озуқаворӣ, истифодаи роҳҳои нақлиётӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва сохтмон самтҳои афзал ҳисобиданд ва тавсеа ва таъмиқи пояи шартномавию ҳуқуқии ду ҷонибро зарур донистанд. Зикр гардид, ки тибқи маълумоти Агентии инвеститсия ва рушди Латвия имрӯз дар Ҷумҳурии Латвия 91 корхона бо саҳми сармоягузорони тоҷик амал менамояд.Президенти Латвия изҳори итминон намуд, ки бо оғози фаъолияти сафир сатҳи муносибот боз ҳам баландтар гардида, робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Латвия густариши ҳамаҷониба хоҳанд ёфт.Инчунин зимни сафар Қ. Қоимдодов бо ҳамватанон ва донишчӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Латвия таҳсил мекунанд, вохӯрӣ намуд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






