Сарпарастии Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ аз оилаҳои камбизоат
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз Ҳусайни Анворӣ, сарпарасти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.Густариши робитаҳои ҳамаҷонибаи ҳамкории Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ бо Тоҷикистон мӯҳтавои ин сафар буда, тибқи барнома мулоқоти ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар назар аст. Зимни сафар ҷашни бошукӯҳи тавонмандсозии 1000 нафар аз хонаводаҳое, ки таҳти ҳимояти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ қарор доранд, доир мегардад. Дар назар аст, ки 14 сентябр дар «Хонаи Эрон», воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсол кардаи хонаводаҳое, ки таҳти сарпарастии Кумитаи имдод қарор доранд, баргузор гардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






