Сергей Буткеев ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори консертии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барномаи ҳунарӣ бо иштироки ҳунарманди хизматнишондода ва ходими санъати Русия аз кишвари Олтой Сергей Михайлович Буткеев ва дигар ҳунармандони Русия баргузор мегардад.Барномаи ҳунарӣ ба рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия ва ба муносибати 1150-умин солгарди давлатдории Русия бахшида шудааст.Барнома бо ибтикори Муассисаи давлатии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги кишвар ва дар ҳамкорӣ бо намояндагии «Россотрудничество» рӯи кор омадааст.Мавриди зикр аст, ки сафар то 22-юми сентябр идома меёбад ва дар ҷараёни он мулоқоти ҳайат бо вазирони фарҳанг ва маорифи кишвар дар назар аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






