Шаҳрдорӣ ба соҳибкорони олмонӣ чӣ гуфт?

Сентябрь 7, 2012 15:24

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Федералии Олмонро таҳти раёсати директори генералии Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон Линдер Райнер, ки дар ин зимн Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон Имомуддин Сатторов ҳайатро ҳамроҳӣ мекард, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили истифодаи имкониятҳои мавҷудаи тарафҳоро барои ҷалби иқтидори субъектҳои соҳибкории Олмон дар татбиқи барномаҳои шаҳрӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои хадамоти коммуналӣ, воридсозии таҷҳизоту технологияҳои муосири саноативу барқӣ, рушди инфрасохторӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз таваҷҷўҳи субъектҳои соҳибкории Олмон барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, таъкид сохт, ки феълан дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории дар бахши обрасонӣ ва идораи партовҳои сахти маишӣ, ки дар шаҳри Душанбе амалӣ мешаванд, ширкатҳои олмонӣ дар асоси ғолибият дар тендерҳо фаъолият доранд. Онҳо низ имкон доранд, тибқи талаботи қонунгузории кишвар бевосита дар тендерҳои эълоннамудаи шаҳрдорӣ ширкат варзида, дар татбиқи иқтидорашон муваффақ гарданд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.

Сентябрь 7, 2012 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад