Шаҳритус -пешсафи маъракаи пахтачинӣ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Кишоварзони ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 199 466 гектар чигит кишт намуда, тибқи нақша бояд 401 115 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Имрӯзҳо дар майдонҳои пахтазори кишвар 220651 нафар чинакчӣ машғули ҷамъоварии пахта аст.Дар вилояти Хатлон дар майдони 128118 гектар пахта кишт намуда, то имрўз 132884 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.Дар ноҳияҳои Шаҳритус ҷамъоварии пахта 79,2, дар Сарбанд 77,1, дар Носири Хусрав 58,8 ва дар Бохтар 58,5 фоиз иҷро гардидааст.Дар вилояти Суғд 70952 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 43,8 фоизи дурнамо мебошад. Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои Спитамен, Конибодом, Ҷаббор Расулов нисбат ба дигар ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷамъоварии пахта 25115 тоннаро ташкил медиҳад,ки дар айни замон ба миқдори 29,2 тонна ҷамъоварӣ шудааст. Пахтакорони ноҳияи Ҳисор дурнамои ҷамъоварии пахтаро ба 50,9 фоиз расониданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






