Шикасти тими «Дордой» аз «Истиқлол»
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Сабқат барои ба даст овардани Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) аз дирӯз дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд. Дар бозии аввал миёни дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо футболбозони «Дордой»-и Бишкек, ки соати 16-00 шурӯъ гардид, футболбозони тоҷик ҳарифони қирғизи худро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карданд. Голи аввали дастаи «Истиқлол»-ро дар дақиқаи 39-ум Даврон Эргашев бо сар вориди дарвозаи ҳарифон кард. Голи дуввуми дастаи «Истиқлол»-ро Маҳмадалӣ Содиқов дар нимаи дуюми бозӣ дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонд. Бозии дуюм миёни дастаҳои «Тайван Пауэр Компани» – «Ал-Аммарӣ» соати 19.00 шурӯъ шуд, ки ин бозӣ мусовӣ: бо натиҷаи 1-1 анҷом ёфт. Сабқатҳо миёни 6 дастаи Осиё то рӯзи 30-уми сентябр идома мекунанд. Ва ғолиби бозӣ бо 50 ҳазор доллар қадрдонӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






