Синфхона барои нобиноён

Сентябрь 5, 2012 14:40

Кӯлоб, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар шаҳри Кӯлоб барои нобиноён синфхона кушоданд. Ин синфхонаҳо дар мактаб- интернати ҷамоати Зарбдор ва мактаби рақами 51-и Кӯлоб ҷойгиранд.
Давлаталӣ Амиров, мудири шӯъбаи маорифи Кӯлоб гуфт, синфхонаҳо бо ҳама таҷҳизот таъмин буда, барои таълими нобиноён ҳамаи шароит муҳайёст.Дар ин сифхонаҳо бояд 60 кӯдаки нобино ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад. Синфхонаҳо бо китобҳое, ки бо ҳарфи Брайли навишта шудаанд, таъминанд. 

Сентябрь 5, 2012 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш