Солимии аҳолӣ- асоси шукуфоии давлатҳои Иттиҳод
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Форуми байнидавлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Солимии аҳолӣ- асоси шукуфоии давлатҳои Иттиҳод» ба кори худ оғоз намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, аз Тоҷикистон дар форум 6 нафар намояндаи Вазорати тандурустӣ, аз ҷумла сардори раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сардори раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ, директори Донишкадаи баъдидипломии такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, директори Маркази ҷумҳуриявии наркологии ба номи М. Ғуломов ширкат доранд. Дар форум се нафар намояндаи Тоҷикистон — Аъламхон Аҳмадов, Насим Олимов ва Гурез Азимов маърӯза хоҳанд кард. Форум то 15 сентябри соли ҷорӣ идома меёбад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






