Суҳбати И.Насриддинов бо Патрисия Флор
Душанбе,20 сентябр.(АМИТ «Ховар»,Покиза Маҳмадбекова) – Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА),СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насриддинов дар мулоқоти намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо хонум Патрисия Флор бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуд. Тавре ки дар Раёсати иттилоот,матбуот,таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷи ВКХ ҶТ ба мухбири АМИТ-«Ховар» хабар доданд ,Патрисия Флор дар ҷараёни суҳбат зикр намуд,ки муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили амният барои Иттиҳоди Аврупо муҳиманд. Исматулло Насриддинов дар навбати худ саҳми Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар амри ҷилавгири қочоқи маводи мухаддир ва вусьат бахшидани мубориза бо хавфу таҳдидҳоро ба дараҷаи баланд арзёби намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






