Тағйирот дар лигаи якум
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо қарори Кумитаи иҷроияи Федератсия футболи Тоҷикистон се дастаи лигаи якум аз қабили «Сабо»-и Шаҳринав, «Пахтакор»-и Қубодиён ва «Локомотив»-и Душанбе аз иштироки минбаъда дар мусобиқот хориҷ карда шуданд.Тавре ки дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сабаби аз мусобиқот хориҷ намудани дастаҳои номбурда иҷро накардани қоидаҳои моддаи 4 банди 24-уми тартиби гузаронидани мусобиқот мебошад. Дастаҳои зикршуда бе сабаби узрнок дар ду бозии мусобиқот иштирок накарда ва ҳаққи иштирок дар мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум дар соли 2012-ро насупурдаанд.Баъди аз иштирок дар мусобиқот хориҷ намудани дастаҳои зикршуда, акнун дар бозиҳои лигаи якуми Тоҷикистон 10 даста қувваозмоӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






