Тақдими 200 ҳазор китоби электронӣ

Сентябрь 19, 2012 13:17

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз 200 ҳазор китоби электронӣ, ки дар дискҳои CD-R ҷой дода шудаанд, аз ҷониби бархе аз макотиби олии кишвар ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ супорида шуданд. Ин тадбир бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди электронии Китобхонаи миллӣ бо дастури вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов роҳандозӣ гардид.  Тибқи дастури вазири маорифи ҷумҳурӣ роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат вазифадор шудаанд, ки шакли электронии номгўи тамоми китобҳоро вобаста ба мавзўъҳояшон ба Китобхонаи миллӣ супоранд. Танҳо аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 55 ҳазор, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 72 ҳазор , Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 42 ҳазор ва аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 25 ҳазор адад китоби электронӣ ба ганҷинаи бебаҳо –Китобхонаи миллӣ супорида шуд.

Сентябрь 19, 2012 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш