Таҳкими ҳамкориҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Шурӯъ аз 10 сентябр дар шаҳри Урумчӣ таҳти унвони «Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» семинар ҷараён дорад.
Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Тибқи иттилои манбаъ, семинар аз ҷониби Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Департаменти амнияти ҷамъиятии ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури ҶМЧ гузаронида мешавад ва дар он аз Тоҷикистон 15 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ даъват шудаанд. Ҳадаф аз баргузории ин семинар таҳкими ҳамкориҳои зиддимухаддиротӣ миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Семинар то 23 сентябри соли 2012 идома меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






