Таҷлили ҷашни Истиқлол аз ҷониби саноатчиён
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 21-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини вазири энергетика ва саноат Хайрулло Маҳмадуллоев ифтитоҳ намуда, оид ба моҳият ва аҳамияти истиқлолият, дастовардҳо, пешрафти ҷумҳурӣ дар марҳилаҳои соҳибистиқлолӣ, ҷойгоҳи давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки дар замони истиқлоли ҷумҳурӣ, бунёди иншооти дорои аҳамияти стратегӣ ва дигар иншоот, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва саноат аз дастовардҳои қобили таваҷҷӯҳ ба ҳисоб мераванд. Дар ҷамъомад кормандону мутахассисони дастгоҳи вазорат сухан гуфта, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиро дар марҳилаҳои кунунӣ ва минбаъда дар робита ба рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа арзёбӣ намуданд. Дар хотима ба муносибати ҷашн шуморе аз кормандон бо ифтихорномаи вазорат мукофонида шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






