Таҷлили Рӯзи ҳавопаймоии мулкӣ дар «Сомон Эйр»

Сентябрь 4, 2012 16:41

Душанбе, 4 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 3 сентябр кормандони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди (ҶММ) Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Рӯзи ҳавопаймоии мулкиро таҷлил намуданд. Тавре ки аз ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ситоди Ҷамъияти кушодаи саҳҳомии «Тоҷик Эйр» бахшида ба Рӯзи ҳавопаймоии мулкӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид. Баъди анҷоми қисми расмии ҷаласа маросими мукофотонидани кормандони фаъол ва собиқадорони ҳавопаймоии мулкӣ баргузор гардид. Қумандони киштии ҳавоӣ Шамсиддин Баротов ва муҳандиси бахши техникӣ Маҳмадкарим Исматов аз Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» сазовори медали «Нақлиётчии фахрӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, муҳандиси бахши техникӣ Олег Нарушев, роҳбаладон Хуршед Назаров ва Ҷаҳонгир Бобоев, ҳамчунин нозири бахши хизматрасонӣ Тоҳир Раҷабов бо ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халабони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Файзулло Сатторов бо медали «Собиқадори меҳнат» қадр карда шуданд.

Сентябрь 4, 2012 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд