Таҷлили Рӯзи забон дар Театри опера ва балет
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 5 октябри соли равон дар кишвар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ омодагиҳо барои таҷлили Рӯзи забон идома доранд.Дар ин бора сармутахассиси Вазорати фарҳанги кишвар Раҳматулло Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.Тибқи иттилои манбаъ, бахшида ба ин рӯз барномаи фарҳангии ҷашни Рӯзи забон бо лаҳзаи театрӣ бо иштироки ҳунармандон- Фирӯз Умаров ва Ортиқ Қодиров оғоз ёфта, дар барномаи консертии он ансамбли «Шашмақомхонон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, ансамбли рақсии «Гулрез», ҳунармандони шинохта Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Хуршед Иброҳимов, Озода Ашӯрова, ҳунармандони гурӯҳи балети театр ва ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.Таҳиягарони барномаи фарҳангӣ коргардонҳо Давлат Убайдуллоев ва Ориф Набиев мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






