Таҷлили солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар Анқара
Анқара, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Чанде пеш дар шаҳри Анқараи Туркия ба ифтихори 21-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он вазири саноат ва илму технологиҳои Туркия Ниҳод Эргюн, раиси ҳизби «Саодат»- Туркия Мустафо Камолак, муовини вазири корҳои дохилии Туркия Усмон Гюнеш, раиси гурӯҳи дӯстии Туркияю Тоҷикистон Мустафо Қабақчӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва шаҳрвандони тоҷики сокини Анқара ширкат доштанд. Баъди дар толор танинандоз гардидани садои сурудҳои миллии ҳарду кишвар, сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов ҳамаи меҳмононро хайра мақдам гуфта, ҳозиронро ба муносибати солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Ниҳод Эргюн дар навбати худ зикр намуд, ки Тоҷикистон тайи 21 соли истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, муносибатҳои байни ҳарду кишвар рушду густариш меёбанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






