Таъмини оби нӯшокӣ беҳтар шуд

Сентябрь 12, 2012 09:25

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо Бонки Таҷдид ва Рушд Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, ташкилоти «JAKA»-и Раёсати Ҷопон оид ба ҳамкорӣ, Ассотсиатсияи «ОXFAM»-и Британияи Кабир, Лоиҳаи «Ташаббуси Рушди Маҳал»-и «USAID»-и ИМА ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи 16 млн. 500 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст. Дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи мазкур барои 8 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз қабили шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом, Истаравшан, Ваҳдат, ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва Рашт ба маблағи 17 млн. 415 ҳазор доллари амрикоӣ 41 адад мошину таҷҳизоти махсуси коммуналӣ ва 900 адад қуттии партовгирӣ харид карда шудааст, ки он 96,12 фоизи маблағи умумии лоиҳавиро ташкил дод.Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа ҳолати санитарии шаҳру навоҳии мазкур беҳ гардида, таъмини истифодабарандагон бо оби нӯшокӣ дар ин манотиқ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Сентябрь 12, 2012 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд