Тарбия вазифаи волидайн аст
Бадахшон, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 29-уми август мулоқоти раиси ВМКБ Қодири Қосим бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар машварат зикр шуд, ки таваҷҷӯҳи сарвари давлат ба соҳаи маорифи вилоят ҳамарӯза эҳсос мешавад. Танҳо дар 15 соли охир дар вилоят 170 мактаб бунёд гардид. Дар муассисоти таълимии шаҳри Хоруғ ба 2 нафар хонанда 1 ададӣ компютер рост меояд. Дар ҳоле ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба 20 хонанда 1 адад компютер рост меояд. Ҳамзамон раиси вилоят гуфт, ки ба масъалаи тарбияи ахлоқии наврасон бояд эътибор дод. Волидайн гоҳо дар тарбияи нодурусти фарзандонашон макотибу донишгоҳ ва ҷомеаро гунаҳгор мекунанд, ки ин аз рӯи инсоф нест. Муовини вазири корхои дохилии ҷумҳурӣ Фарҳод Шодмонбеков омӯзгоронро даъват намуд, ки ба тарбияи шогирдонашон эътибори ҷиддӣ диҳанд, зеро солҳои охир ҷинояткорӣ аз ҷониби хонандагон хеле зиёд шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






