Ташрифи Ҳусайни Анворӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — 11 сентябр бо даъвати Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ҳусайни Анворӣ, сарпарасти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Сафари ӯ 15 сентябр оғоз ёфта, тибқи барнома мулоқоти ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар назар аст. Густариши робитаҳои ҳамаҷонибаи ҳамкории Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ бо Тоҷикистон мӯҳтавои ин сафар аст. Ёдовар мешавем, ки намояндагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ 17 сол аст, ки ба унвони як ниҳоди хайриявии байналмилалӣ дар ҶТ фаъолият дорад. Кумитаи мазкур дар самтҳои гуногун ба хонаводаҳои бесарпарасту камбизоат мусоидат намуда, дар самти омӯзиши касбу ҳунари ҷавонони бесаробон аз хонаводаҳои бесарпарасту камбизоат барномаҳои махсус тарҳрезӣ ва амалӣ мекунад. Зини ин сафар ҷашни бошукӯҳи тавонмандсозии 1000 нафар аз хонаводаҳое, ки таҳти ҳимояти Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ қарор доранд, доир мегардад. Дар назар аст, ки 14 сенябр дар «Хонаи Эрон», воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсол кардаи хонаводаҳое, ки таҳти сарпарастии Кумитаи имдод қарор доранд, баргузор гардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






