Ташвиши СММ аз афзоиши гурезагон
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- Дар нишасти хабарии намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе масъалаи фирори гурезагон ба кишварҳои дигар, ки ахиран нигаронкунанда шудааст, баррасӣ шуд. Намояндагони раёсати Комиссари олии СММ оид ба корҳои фирориён гуфтанд, масъалаи фирори муҳоҷирон дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Миёна ҳам ба чашм мерасад. Гуфта мешавад ин масъала дар саросари олам мушкилоти ҷиддӣ шуда, сокинони кишварҳои ба ҳолатҳои ҷанг рўбарў шуда маҷбуранд ватани худро тарк созанд. Ба кишварҳои Осиёи Миёна бештари фирориён ва муҳоҷирон аз кишвари Афғонистон сарҳадро убур карда мегузаранд. Фирориён ба қадри имкон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар доираи муайян бо маводи ғизои ва ашёи ниёзи аввалия таъмин мегарданд. Иброз гардид, ки масъалаи рўзгори фирориён ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






