Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Шӯрообод дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир шуд, ки дар он аз 7 то 14 муассиса ширкат варзида, дар маҷмӯъ 151 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Аксари корҷуён ба соҳаҳои фарҳанг, маориф, тибб ва корҳои сохтмонӣ сафарбар гардидаанд. Барои фаро гирифтан ба курсҳои омӯзишӣ 130 зан ба курси дӯзандагӣ ва 20 мард ба корҳои кафшергарӣ, дуредгарӣ ва дигар курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб шуда, дар айни ҳол таҳсилро идома дода истодаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






