Тавсияи вакил ба интихобкунандагон
Душанбе, 20 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бунёди як қатор иншооти бузургу муҳими аҳамияти стратегидошта дар кишвар самараи истиқлолияти давлатист», гуфт зимни мулоқоташ Давлаталӣ Давлатзода-вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон –сокинони ҷамоати деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб. Дар мулоқот доир ба масоили муҳими марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва кишоварзии ноҳияву кишвар таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд. Д. Давлатзода ривоҷ додани соҳаи боғдориро дар ҷамоати деҳоти Деҳмалик, хусусан шинонидани дарахтони мевадору сояафканро дар талу теппаҳои он омили асосии пешрафти ин маҳал арзёбӣ кард. Дар мулоқот зикр шуд, ки ҳадафи асосии вохўрии вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар бо интихобкунандагони худ- ошно гаштан бо ҳаёти онҳо, рафъи мушкилот ва дар доираи қонунҳои амалкунанда ба назар гирифтани дархосту пешниҳодҳои аҳолӣ ҷиҳати такмили қонуну санадҳои таҳияшаванда аст.12.54.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






