Тоҷикистон дар Еxpo Milano-2015
26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз 1 май то 31 октябри соли 2015 дар шаҳри Милани Итолиё Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Еxpo Milano-2015 баргузор мегардад.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоишгоҳи мазкур ба масъалаҳои беҳдошти бехатарӣ ва баланд бардоштани сифати маводи ғизоӣ ба манзури рушду густариш додани иқтисодиёти миллӣ бахшида мешавад.Мувофиқи суханони манбаъ, Тоҷикистон ният дорад, ки дар кори Намоишгоҳи Еxpo Milano-2015 фаъолона иштирок намояд.Дар оғози моҳи октябри соли ҷорӣ ҷаласаи махсуси Кумитаи тадорукотии ЭКСПО Milano-2015 баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






