Тоҷикистон дар иҷлосияи ИВА ИДМ
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 21 сентябр дар Ҷумҳурии Беларус иҷлосияи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мегардад. Тавре ки дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Тоҷикистонро дар иҷлосия муовини вазири адлия Абдуманнон Холиқов намояндагӣ мекунад. Иштирокдорони иҷлосия масоили аз ҷониби давлатҳо ба Шӯрои оид ба ҳуқуқҳои инсони СММ пешниҳод шудани хулоса дар бораи пиёда намудани ҳуқуқи башардӯстонаи байналмиллалиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои ахзои ИДМ ҳамчунин ҷиҳатҳои мухталифи тадқиқоти судӣ, аз ҷумла масоили аниқ намудани ҳайати комиссияи ҳамоҳангозӣ, ташкили низоми менеҷменти муассисаҳои судию коршиносӣ, қабули Кодекси одоби касбии коршиносони муассисаҳои судӣ ва ғайраро баррасӣ менамояд.Дар чаҳорчӯбаи сафар ба Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонидани шартномаи миёни вазоратҳои адлияи Беларус ваТоҷикистон дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






