Тоҷикистон кишвари рушдёфтаи туристӣ хоҳад гашт

Сентябрь 27, 2012 10:15

Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрўз дар саросари ҷаҳон Рўзи байналмилалии туризм (World Tourism Day) таҷлил мегардад. Ин сана аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии туристӣ дар соли 1979 зимни як ҳамоиш дар шаҳри Торремолинои Испания эълон шудааст. Ҳадафи таҷлили Рўзи байналмилалии туризм дар саросари ҷаҳон тарғиби туризм, инъикоси нақши туризм дар рушди иқтисоди ҷаҳон ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои мухталифи сайёра аст.  Дар робита ба Рўзи байналмилалии туризм имрўз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и Душанбе конфронси саввуми миллӣ оид ба туризм баргузор мегардад, ки он бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо ассотсиатсияи мусоидати рушди туризм ва Созмони байналмилалии туризми Созмони Миллали Муттаҳид гузаронида мешавад. Интизор меравад, ки иштирокдорони ҳамоиш роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон табодули назар намуда, дастовардҳои туризмро дар кишвар муаррифӣ хоҳанд кард. Бояд тазаккур дод, ки ёдгориҳои таърихию бостонии диёрамон, манзараҳои зебову нотакрори табиати кишвари офтобрӯяамон, хусусан кўҳҳои осмонбўси сарзамини Тоҷикистон кайҳо боз дили сайёҳони кишварҳои ҷаҳонро тасхир намудааст. Ин аст, ки ҳар сол ҳазорҳо нафар сайёҳон аз давлатҳои гуногуни олам ба Тоҷикистон меоянд. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ танҳо дар нимсолаи соли 2012 –ум 65 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Бобати рушди соҳаи туризм, хусусан инкишофи инфрасохтори ин соҳа дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас меандешад. Таҳия ва қабули барномаҳои ҳукуматӣ оид ба эълон намудани рушди минтақаҳои туризм шаҳодати гуфтаҳост. Пўшида нест, ки дар ояндаи начандон дур Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои ҷаҳон ба яке аз давлатҳои рушдёфта дар бахши туризм хоҳад гардид, зеро туризм яке аз соҳахои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии ҳар як давлат маҳсуб мешавад.

Сентябрь 27, 2012 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад