Тоҷикистону Олмон мошин месозанд?

Сентябрь 7, 2012 07:42

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Дирӯз, 6- уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати иқтисодии Ҷумҳурии Федералии Олмонро бо сардории Котиби генерлии кумитаи шарқии ин кишвар Райнер Линднер ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаи иқтисод ва тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Пас аз мулоқоти судманд Котиби генерлии кумитаи шарқии Олмон Райнер Линднер дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, «Дар мулоқоти мо бо Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Олмон ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва мо дар оянда барои ҳарчи бештар тавсия бахшидани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии худ бо Тоҷикистон нақшаву лоиҳаҳои махсусро роҳандозӣ менамоем». Ҳамчунин, Райнер Линднер иброз дошт, ки дар ин мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва бизнесу сармоягузорӣ мавзӯи меҳварӣ маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, ҳам ҷониби Олмон ва ҳам ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати бунёди пойгоҳҳои гидроэнергетикӣ ва эненргияи офтобӣ ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд. Зикр шуд, ки чун Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ашёи хом аст, аз ин лиҳоз метавонад бо Олмон дар бахшҳои мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ҳамкориҳои худро ба роҳ монад.

Сентябрь 7, 2012 07:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад