В. Путин ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 4 октябри соли 2012 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.Дар доираи сафари худ дар назар аст, ки В. Путин бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид намуда, инчунин ҷонибҳо якчанд ҳуҷҷати расмиро ба имзо мерасонанд. Ёдовар мешавем, ки сафари расмии пешини В. В. Путин ба Тоҷикистон ба сифати Президенти Федератсияи Русия 16-17 октябри соли 2004 сурат гирифта буд. Зимни ин сафар натиҷаҳои фаъолияти чандинсолаи ҷонибҳо дар тамоми соҳаҳо ҷамъбаст гардида, як силсила созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои дуҷонибаи калонҳаҷми иқтисодӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва металлургияи ранга ба имзо расиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






