Вакилон ба иҷлосияи ёздаҳум даъват мешаванд
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 14-уми сентябри соли 2012 соати 9.00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи ёздаҳум, даъвати чорум баргузор мегардад. Тибқи иттилои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи ёздаҳум баррасии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар дошта шудааст. Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-13 сентябри соли 2012 аз соати 8.00 то соати 17.00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи дуюм, утоқи № 231 ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот: 221-81-28, 227-18-98.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






