Вакилон бо интихобкунандагони худ мулоқот менамоянд
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Аз 10 то 20 сентябри соли ҷорӣ мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон ба вилоятҳои Хатлону Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои нав қабул намудаи Маҷлиси намояндагон ва дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бо интихобкунандагони худ мулоқот менамоянд. Тавре ки котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мо иттилоъ дод, имрӯз вакили Маҷлиси намояндагон Тӯрахон Самадов дар ҷамоатҳои ба номи «Озодӣ» ва «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвон бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд. Турахон Самадов иброз намуд, ки бо шарофати истиқлолият дар кишвари азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд. Буҷети давлатӣ пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Тӯрахон Самадов дар анҷоми мулоқот ба саволҳои интихобкунандагони худ посух гуфт. Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






