Велосипед барои кормандони почта
Кӯлоб, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Фархор ба кормандони почта даҳ адад велосипед доданд.Қурбонбой Каримов, раиси ноҳия ин иқдомро ба хотири осон кардани кори паҳнкунандагони рӯзномаву маҷалла номид.Кормандони почта бо кӯмаки ин велосипедҳо маҷаллаву рӯзномаҳоро дар ҳудуди ҷамоатҳо дар сари вақт паҳн мекунанд. То харидории велосипедҳо ба рӯзномаҳои кишвар 5 ҳазор нафар обуна буд, вале ҳоло ин шумора ба 7 ҳазор нафар расидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






