Вохӯрӣ бо интихобкунандагон
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар доираи мулоқоту вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони худ, намояндагони ин мақоми олии қонунгузори кишвар Меҳроҷиддин Ҳакимов ва Зиёратшо Саъдулло бо истиқоматкунандагони шаҳри Роғун ва ноҳияи Файзобод вохӯрӣ анҷом доданд. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон, дар мулоқот бештар ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ин минтақаи мамлакат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ин нуқтаҳои аҳолинишини кишвар тамоюли рушду инкишофи устуворро касб кардаанд. Намояндагони мардумӣ, ҳамчунин таваҷҷӯҳи интихобкунандагони худро ба фаъолияти намояндагии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷџлиси Олии Ҷумҳурии Тоџикистон, қонуну қарорҳои қабулнамудаи ин мақоми олии қонунгузор ҷалб намуданд. Зикр гардид, ки вакилони Маџлиси намояндагон бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолиятҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар доираи қонунҳои амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид кардаанд. Аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии мардумро ба замин ва ба таври мунсифона ва самаранок истифода намудани онро осон намуда, барои некӯаҳволӣ ва беҳтар гардидани вазъи зиндагии мардуми кишвар заминаи қонуниву ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Дар мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон, ҳамчунин дар бораи Кодекси нави андоз, ки рӯзи 5 – уми сентябр дар ҷаласаи ғайринавбатии ин мақоми олии қонунгузор қабул гардид, изҳори назар карда шуд. Масъалаҳои марбут ба мактабу маориф, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, омодагӣ ба зимистони дар пешистода, ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат рӯёндаи деҳқонон ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар ин вохӯриҳо баррасӣ шуданд. Дар интиҳои вохӯрӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва интихобкунандагон саволу посухҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои гуногун сурат гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






