Вохӯрии роҳбарони ВКД-и кишварҳои ИДМ дар Боку
Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз 6 то 8 сентябр дар шаҳри Боку ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Тавре ки аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вазирон ҷиҳатҳои афзалиятноки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои Иттиҳод ва ҷараёни татбиқи барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷинояткориро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Мувофиқи хабари Вазорати корҳои дохилии ҶТ, роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини аввали вазири ВКД Тоҷикистон Нурулло Орипов ба ӯҳда дорад. Иштироккунандагони ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба таҳияи лоиҳаҳои Барномаи байнидавлатии чорабиниҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2014-2018, Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва муқовимат ба нашъамандӣ барои солҳои 2014-2018, Консепсияи рушди ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ-ро баррасӣ ва муҳокима мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






