Вохӯрии Ш. Раҳимзода бо намояндагони Ҳиндустон
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо ҳайати намояндагони Коллеҷи миллии мудофиаи Ҳиндустон, ки ҷиҳати иштирок дар курси омӯзишӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрӣ баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва роҳбари ҳайат, контр- адмирал Равиндра Гайквад атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ мубодилаи афкор намуданд. Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои марбут ба рушди робитаҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






