«Восили Тобон» ба кор шурӯъ кард
Душанбе, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар шаҳри Қайроққум корхонаи нави хурди тавлиди гаҷи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Восили Тобон» ба кор шурӯъ намуд. Корхона бо ибтикори Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 21 апрели соли 2012 «Дар бораи ташкили корхонаҳои саноатӣ дар ҶТ барои солҳои 2012-2013» таъсис ёфтааст. Тавре ки дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, иқтидори солонаи корхонаи нав истехсоли 120 тонна гаҷ мебошад. Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, то имрӯз дар ҷумҳурӣ панҷ корхонаи тавлиди гаҷ фаъолият доранд, ки дар онҳо 103 нафар машғули коранд. Иқтидори умумии солонаи ин корхонаҳо 60 ҳазор тонна гаҷро ташкил медиҳад. Тайи ҳашт моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 8 ҳазору 207 тонна гаҷ тавлид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 593 тонна зиёд аст. Бо дастгирии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ороиш» моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара боз як корхонаи тавлиди гаҷ ба кор шурӯъ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






