Вусъати ҳамкориҳо бо соҳибкорону фермерони Фаронса
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Диде Лёруа мулоқот намуд. Вазир оид ба вазъи кунунии соҳаи кишоварзии мамлакат, дастоварду мушкилоти бахши аграрии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои вазорат бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва бевосита давлати Фаронса маълумот пешниҳод намуда, зикр намуд, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Иттиҳоди Аврупо ҳафт барномаи соҳавӣ татбиқ мешавад. Самтхои фарогирии ин барномаҳо хеле васеъ буда, соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, таҷдиди инфрасохтори кишоварзии мамлакатро дар бар мегиранд. Дар баробари ин, вазир гуфт, ки тӯли ду соли охир бо дастгирии кишварҳои ҳамкор барои рушд ва бевосита Иттиҳоди Аврупо «Барномаи ислоҳоти бахши аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» таҳия гардида, чанде пеш аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва бо қарори махсус тасдиқ гардид. Қ. Қосимов бо қаноатмандӣ гуфт, ки давлати Фаронса бо Тоҷикистон солҳои охир ҳамкориҳои мустақимро ба роҳ мондааст. Ду сол қабл аз ин давлат барои бунёди боғи интенсивӣ 3000 ниҳоли себ ворид гардида, дар 6 гектар замини таҷрибавии вазорат ва бахшҳои хусусӣ боғ бунёд гардид. Ё худ, воридоти 400 адад нутфаи моли шохдори калони гӯштӣ аз Фаронса ва истифодаи он аллакай барои беҳтар намудани зоти маҳаллии гӯштӣ натиҷаҳои хуб дода истодааст.Ҳамзамон қайд гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда бо соҳибкорону фермерони Фаронса имкониятҳои фарох мавҷуд аст. Аз ҷумла, ворид ва истифодаи технологияҳои муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани фурӯши он, табодул ва бозомӯзии кадрҳои соҳа ва якҷоя барқарор намудани истеҳсоли анҷибар дар Тоҷикистон ба мақсад наздик аст.Вохӯрӣ дар фазои озоду ҳамдигарфаҳмӣ анҷом ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






