«Як сол бо ҷавонон»
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Тавре хабар дода будем, ба таъсиси ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» як сол пур шуд. Бахшида ба солгарди ин ташкилот зери назари муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва таҳти таълифи раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов китоби «Як сол бо ҷавонон» аз чоп баромад. Китоб фарогири марҳилаҳои таърихӣ ва заминаҳои таъсиси ташкилот буда, дар он суханронии Раиси ҲХДТ -мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», мусоҳибаҳои роҳбарияти ҳизб дар мавзӯоти зарурати таъсиси созмони ҷавонони ҳизбӣ, санадҳои марбута роҷеъ ба фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Оиннома ва Низомномаи тартиби бақайдгирии аъзои ташкилот ва гузоришҳои хаттиву тасвирӣ аз рафти чорабиниҳо ҷой дода шудааст. Китоб барои ҷавонон, масъулини ҳизбӣ ва ҳамаи он нафароне, ки ба фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иртибот доранд, пешбинӣ шуда ва ҳамчун маводи таърихӣ, тарғиботӣ ва иттилоотӣ тавсия мешавад. Китоби мазкур бо дастгирии Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот». сарпарастии ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мӯъминҷон Шарипов ва кӯмаки сардори филиали БДА «Амонатбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раиси комиссияи назоратию тафтишотии ташкилоти «Созандагони Ватан» Ҳокимшоҳ Бобоев ба табъ расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






