«Ёдҳои парокандаи бодияҳо»

Сентябрь 27, 2012 14:55

Душанбе, 27 сентябр, (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Китоби нави узви ИНТ ва ИЖТ, барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Садриддин Ҳасанзода бо номи «Ёдҳои парокандаи бодияҳо» аз тариқи нашриёти ҶММ «Сомон- 2010» ба табъ расид. Китоби адиби шинохта бо дастгирии Кумитаи корҳои дини назди ҳукумати ҶТ ва бо ташхиси диншиносони ин кумита ба чоп тавсия шудааст. Китоб очерку мақолаҳои Садриддин Ҳасанзодаро фаро гирифта, назари як зиёиро доир ба масоили мухталифи зиндагӣ дар бар мегирад ва касро водор мекунад, ки дар бораи масоили ҷойдошта андеша карда, назари худро пайдо кунад. Навиштаҳои муаллиф саршори меҳри Ватану ватандорӣ, ифтихор аз дастовардҳои мардум дар даврони соҳибистиқлолӣ, рушди дину оини ниёгон, даъват ба ҳифзи музаффариятҳои Тоҷикистон, ҳидоят ба бунёди рӯзгори шоистаи саодатманд мебошад.   Нависанда оқибатҳои ҷудоиандозиҳои бадхоҳон, ҳаводиси нангини солҳои 90-уми асри гузаштаро намунаи ибрат нишон медиҳад, ҳамчунин саҳми мусалмонони олам, мардуми Шарқро дар инкишофи соҳаҳои гуногуни тамаддуни Ғарб, афзалияти ахлоқии муслиминро дар ин росто, бебунёд будани тӯҳматҳоро дар бобати терроризм дар ислом, пайдоиши ҷараёнҳои мухталифи ҷудоиандоз, бозиҳои пасипардагии ғосибон, бадхоҳони осоиштагии оламро бо ҷасорату маҳорати воло, далелҳои амиқ нишон додааст. Маҷмӯаи мазкур зери назари профессор Нодир Одилов ва декани факултаи забону адабиёти тоҷики ДДОТ, адабиётшинос Боймурод Шарифзода ба чоп расидааст. «Ёдҳои парокандаи бодияҳо» 13-умин маҷмӯаи адиби шинохта аст.

Сентябрь 27, 2012 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд