Ёде аз устод Носирҷон Маъсумӣ

Сентябрь 14, 2012 14:46

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). -Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии адабӣ таҳти унвони «Мақоми устод Носирҷон Маъсумӣ дар илму адаби тоҷик» баргузор гардид, ки дар он китоби Носирҷон Маъсумӣ «Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик» дар нашри дуввум муаррифӣ шуд. Конфронсро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов ифтитоҳ намуд. Дар ҷамъомад олимон, адибон, муҳаққиқон иштирок намуда, маърӯза ва гузоришҳои олимон М. Муллоаҳмадов, Ғ.Ҷӯраев, Б.Камолиддинов, А.Юнусов дар мавзӯъҳои «Саҳми Носирҷон Маъсумӣ дар адабиёти тоҷик», «Носирҷон Маъсумӣ -забоншиноси маъруф», «Очеркҳо оид ба забони ҳозираи тоҷик» ва нақши он дар услубшиносии тоҷик шунида шуд.Носирҷон Маъсумӣ яке аз муҳаққиқонест, ки монанди бисёре аз адибони тоҷик фаъолияти адабии худро аз шеър оғоз кардааст. Бузургтарин асари Н.Маъсумӣ дар даврони ҷанг манзумаи «Мулки саодат» мебошад. Фаъолияти Маъсумӣ дар арсаи забоншиносӣ низ чашмгир аст. Ӯ доир ба таърихи забон, забони адабии муосир, услубшиносӣ, маданияти сухан ва забоншиносии иҷтимоӣ асарҳои муҳиме офаридааст. Баъд аз анҷоми конфронс дар як гӯшаи китобхона китобҳои Носирҷон Маъсумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки аҳли адаб аз он дидан карданд.

Сентябрь 14, 2012 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад