З.Убайдуллоев- соҳиби ҷоизаи бонуфузи Ҷопон
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Садорати Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон ходими калони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Убайдуллоевро дубора ба муддати шаш моҳ ҳамчун муҳаққиқ ба кор даъват намуд. Ин олими тоҷик худи ҳамин сол ҷоизаи бонуфузи кишвари Ҷопонро, ки ба номи арбоби бузурги давлатии Ҷопон Накасоне Ясуҳирост, мушарраф шуда буд. Зимнан бояд гуфт, ки ба ин ҷоизаи баланд соли ҷорӣ дар ҷаҳон танҳо се нафар сазовор гаштанд, ки яке аз онҳо ин фарзанди тоҷик аст. Албатта, шукронаи Истиқлолият, ки бисёр ҷавонони тоҷик бо истеъдоди беҳамтои хеш дар кишварҳои дуру наздик номбардори миллатанд. Арбоби бузурги давлатии ҷопон Накасоне Ясуҳиро солҳои 1982-1987 сарвазири кишвари Ҷопон буд. Аз соли 1988 то имрӯз ӯ Президенти пажӯҳишгоҳи илмҳои байналмилалии сиёсатшиносии шаҳри Токио мебошад. Ҳоло ӯ 94- сола аст. Боиси хурсандист, ки ҷоизаи бонуфузи ба номи Накасоне Ясуҳиро худи ин шахсияти бузурги илму фарҳанги Ҷопон зимни ҷаласаи мутантан супорид. Олими пухтакору пурмаҳсул ва боистеъдоди тоҷик Зубайдулло Убайдуллоев барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Робитаҳои Ҳиндустон ва Ҷопон дар замони Неҳру (солҳои 1947-1964)»,ки дар Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон ҳимоя кардааст, соҳиби ин ҷоизаи бонуфуз гардид. Мавриди ёдоварист, ки Зубайдулло Убайдуллоев баъди хатми мактаби 8 солаи рақами 68 ва мактаби миёнаи рақами 16-и ноҳияи Ҳисор (алҳол ҳудуди ноҳияи Шаҳринав) соли 1996 шӯъбаи ҳиндии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас, соли 2000-ум магистратураи факултаи илмҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳруро дар шаҳри Деҳлӣ бо ихтисоси робитаҳои байналмилалӣ хатм намудааст. Зубайдулло Убайдуллоев илова ба дониши мукаммали забони бою ғании адабию давлатии тоҷик, инчунин донандаи забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, русӣ, англисӣ ва урду мебошад. Ӯ чанд сол қабл тасмим гирифт, ки забони ҷопониро ҳам омӯзад. Ин азму ғайрати олими ҷавон самараи хуб дод. Вай дар Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон бахши докторантураро ба итмом расонида, рисолаи пурмуҳтавои илмӣ ҳимоя намуд ва ба унвони баланди доктори илм мушарраф гардид. З. Убайдуллоев муддате дар донишгоҳи мазкур ҳамчун омӯзгор ва муҳаққиқ ифои вазифа намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






