Занон ва нақши онон дар ҷомеа
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тавре ки иттилоъ додем, аз 10 то 20 сентябри соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагон дар вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд бо интихобкунандагони худ мулоқот менамоянд. Дар доираи чунин чорабиниҳо имрӯз вакили Мачлиси намояндагон Сайфулло Ғиёев дар маркази ноҳияи Фархор бо фаъолзанони ин минтақа мулоқот анҷом дод. Тавре ки котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Мухамадато Султонов ба мо иттилоъ дод, Сайфулло Ғиёев изҳор намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ба нақши зан дар ҷамъият диққати аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамин аст, ки дар аксари вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ занон баробари мардон бо масъулияти дучанд фаъолият менамоянд. Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар бораи истиқлолияти энергетикии кишвар ибрози назар намуда афзуд, ки дар радифи татбиқи ҳадафҳои стратегии миллии кишвар доир ба таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, мусоидат ба рушди бахши воқейӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон, яъне ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари дигар тадбирҳои таъминкунандаи рушди соҳа татбиқи маҷмӯи ислоҳоти иқтисодиву сохтории соҳа пешбинӣ шудааст. Дар ин асос ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти кишвар ба нерӯи барқ аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои қабулшуда чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Дар анҷоми мулоқот Сайфулло Ғиёев ба саволҳои ҳозирин посух гуфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






