Зуҳури 50 намуди маъдан
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Тавре ки аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, ҳоло дар вилоят барои иктишоф ва истихроҷи 7 кони канданиҳои фоиданоки мармар, тилло, мису никел ва нуқраи навоҳии Ванҷу Дарвоз ва Роштқалъаву Мурғоб ба 5 ширкати ватанию хориҷӣ иҷозатнома дода шуда ва онҳо фаъолияти худро идома дода истодаанд. Инчунин дар вилоят беш аз 42 кони гуногун, аз ҷумла кони тилло ва нуқра, ёқуту лоҷувард ва монанди инҳо кашф шуда, илова бар ин зуҳури 50 намуди канданиҳои фоиданок муайян карда шудааст. Солҳои наздик дар ҳудуди вилоят, бунёди корхонаҳои хурду миёна, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ба роҳ монда шуда, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ ташкил ва баландшавии сатҳи зиндагонии аҳолӣ комилан таъмин карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






