Ғолибони Ҷашнвораи панҷуми байналмилалии синамои «Дидор»
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар»). – 20 октябр Ҷашнвораи панҷуми байналмилалии синамои «Дидор» корашро анҷом дод. Дар маросими тантанавор баста шудани ҷашнвора ғолибону ҷоизони он муокофотонида шуданд. Мукофоти асосии «Барои ифшои рӯзгори воқеии зан дар вазъияти душвор» ба коргардон Отиқ Раҳимӣ (Фаронса – Афғонистон) барои филми бадеии «Косаи сабр» супурда шуд. Коргардони Русия Шота Гамисония соҳиби мукофоти асосӣ барои филми «Дунёи орзӯю ҳавас» гардид. Ба филми «Хунарпешаи хор» (коргардон Румӣ Шоазимов, Тоҷикистон) дипломи махсуси Ҳаками байналмилӣ супурда шуд. Коргардон Шаҳзод Раҷабов (Тоҷикистон) барои филми бадеии «Чарх» мукофоти ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобинонро гирифт. Дар ин ҷашнвора коргардонҳо ва ҳунарпешагони синамои бисёр кишварҳои иштироккунадаи он соҳиби мукофотҳои гуногун гардиданд.Ҷашнвораи шашуми байналмилалии синамои «Дидор» соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






