Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ дар Самарқанд

Октябрь 30, 2012 17:06

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова) .-Мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон доир гардид, ки аз 26 кишвари олам варзишгарон ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардиданд.  Тибқи иттилои сарчашма, ҳайати тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 15 нафар, аз ҷумла 13 варзишгар ва 2 мураббӣ ташкил дод. Баъди қувваозмоиҳои чандрӯза варзишгарони тоҷик сазовори 2 медали нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.Варзишгарон Шаҳриёр Даминов ва Сергей Виталик барандагони медали нуқра ва 3 варзишгари дигар: Баёнзодаи Манучеҳр, Руслан Салимов ва бону Марзия Дадабоева медали биринҷии мусобиқаро сазовор гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд.

Октябрь 30, 2012 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш