Қабули эътимоднома аз сафирони нав
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуд.Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзен Мари ЭЛЛИОТ, аз Украина Никитюк Виктор Олегович ва аз Нидерландия Ван Левен Ретер барои намояндагии дипломатӣ кардан аз давлатҳои худ эътимоднома супурданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд нақши намоён мегузоранд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди ҳамёрии пурмазмуни Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат ва амният изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими иқтисодиро таъкид намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Украинаро шарики муҳими Тоҷикистон дар фазои афзалиятноки пасошӯравӣ номида, бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки дар тӯли 21 соли рушди мустақил ду кишвар густариши зина ба зинаи робитаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии худро таъмин намуда, босамар идома медиҳанд.Шоҳигарии Нидерландия бошад аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо номида шуд. Изҳори умед карда шуд, ки Тоҷикистону Нидерландия дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамгироии боз ҳам босамар ба роҳ мемонанд.Сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Украина ва Нидерландия дар навбати худ изҳор доштанд, ки барои рушди босуботи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






